Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Панҷакент

9 март дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилаи сарбози фавтида Ғолибҷон Абдунабиевро аёдат кард.

Ин сарбози далеру шуҷоъи Ватан бо баҳои ҷони худ марзу буми кишварро ҳимоя намуда, қаҳрамонӣ нишон дод. Дар суҳбат бо волидони сарбози шаҳид Раиси вилоят таъкид кард, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои чунин фарзандони диловар абадан дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт гардида, номи чунин қаҳрамононро ҳамеша бо ифтихор ёд мекунанд. Ба оилаи сарбози шаҳид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Сипас, Раиси вилоят собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Робия Маҳмудова ва собиқадори соҳаи маориф Саломат Ӯзбековаро аёдат намуда, онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд