Ифтитоҳи меҳмонхона ва тақдими туҳфаҳо ба кӯдакону наврасон дар Панҷакент

Дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид. Раиси вилоят бунёди чунин иншооти замонавиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки Панҷакенти бостонӣ аз минтақаҳои сайёҳӣ аст ва ташкили инфрасохтор амри зарурӣ мебошад.​

Чуноне маълумот дода шуд, меҳмононхона барои қабули 20 нафар омода шуда, дар​ ҳуҷраҳо барои истироҳаткунандагон шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар ин рӯз барои кӯдакони ятим дастархони идона ороста шуд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо кӯдакону наврасон таъкид кард, ки давлату Ҳукумат барои таълиму тарбияи хурдсолоне, ки бо амри тақдир аз волидон маҳрум мондаанд, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Ба 44 нафар кӯдакону наврасон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо ва либосҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд