9 март дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маркази хизматрасонии тибии «Ансорӣ» ба истифода дода шуд.
Марказ дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳр ҷойгир буда, дар он барои ташхису табобат шароити мусоир фароҳам оварда шудааст. Раиси вилоят бунёди иншоотро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки таъсиси марказҳои ташхисиву табобатии хусусӣ талаботи рӯз ба шумор меравад. Раиси вилоят масъулини Раёсати тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони маркази тибби хусусиро вазифадор намуд, ки хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ва дастрас ба роҳ монда шавад.
Раиси вилоят дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Ғӯсари деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ бо лоиҳаи бинои нави беморхонаи минтақавӣ шинос гардид. Тавре маълумот дода шуд, ки бинои беморхона мутобиқ ба талаботи рӯз бунёд гардида, ҳадаф аз бунёди иншоот пеш аз ҳама муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ ва бо ин васила солим нигоҳ доштани ҷомеа мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бинои беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсар солҳои пеш сохта шуда, бо назардошти фаъолияти тӯлонӣ зарурат ба миён омад, ки бинои нав барои кормандони ин муассисаи тандурустӣ сохта шавад. Бинои нав бо фарогирии тамоми шароит бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд