Бӯстон. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд

Дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бонувони барӯманд, собиқадорони меҳнатро ба ифтихори Рӯзи Модар таҳният гуфт.

Дар ин рӯз занони барӯманди шаҳр Лариса Шемякина ва Моҳинисо Холиқова ба аёдат фаро гирифта шуданд.

Аснои суҳбат Раиси вилояти Суғд аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону бонувон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба бонувони барӯманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос баён намуд.

Тазаккур дода шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар дар кишвар аз таваҷҷӯҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Аёдатшудагон аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд