Исфара. Раиси вилоят Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро ба афсарону сарбозон табрик гуфт

23 феврал тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат,​ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Исфараро аёдат кард.
Раиси вилоят аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои воҳиди таъиноти махсус ва дастаи таъиноти махсуси милитсия боздид намуда, афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро​ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии​ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Қайд карда шуд, ки​ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят​ барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд.​ Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро ҳимоя менамоянд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо шароити буду боши афсарону сарбозон шинос гардида, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Барои афсарону сарбозон, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ва таъмини​ амнияти сокинон хизмат мекунанд, дастурхони идона ороста шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ,​ шуъбаҳои воҳиди таъиноти махсус ва дастаи таъиноти махсуси милитсия кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд