Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар зарфи сӣ сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Барои афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дастархони идора ороста шуда, ба қисмҳои низомӣ маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




