Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини сокинон бо маводи ғизоии нисбатан арзон ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулот боздид карда, бевосита бо нархҳои маводи ғизоӣ шинос шуд ва барои дар оянда низ ташкил намудани ярмарка супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




