Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд

Имрӯз, 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти  Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд дар ин муассиса, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ беш аз 10 ҳазор ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд. Бахшида ба Наврӯзи байнлмилал, ки таҷлили бошукуҳи ҷумҳуриявии он дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст, тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бояд гулзору сабзапӯш карда шавад.

Таъкид гардид, ки ба буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад. Ҳамзамон аз ҳисоби ниҳолҳои омодашудаи муассиса дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, махсусан дар хиёбони Истиқлол то микроноҳияи 3-юм, кӯчаи Сирдарё то гардиши Ором, дохили маҳалллаҳо  ба маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшида шавад. Доир ба тартибдарории пайроҳаҳои кӯчаҳо ва азнавсозии онҳо низ супоришҳо дода шуд. Ҳамзамон бо усули замонавӣ бо истифода аз истеҳсолоти ватанӣ насби чароғпояҳо дар хиёбонҳои шаҳр роҳандозӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд