Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз, 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд як қатор собиқадорони соҳаи тиб, хизмати давлатӣ, савдо ва ғайраҳоро аёдат намуд.

Мунаввара Шокаримова беш аз 50 сол инҷониб дар соҳаи тандурустӣ, аниқтараш ба сифати духтури ортопедӣ дар хизмати мардум буда, солҳои зиёд дар беморхонаи шаҳрӣ, марказҳои саломатӣ ва тибби хусусӣ фаъолият дошта, ба дармонбахшии ҳазорҳо нафар шаҳрвандон саҳми муносиб гузошта меояд. Имрӯз даҳҳо нафар шогирдонро тарбия намуда, нозукиҳои касбро ба онҳо омӯзонида истодааст.

Ходими давлатӣ, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Хосият Зокирова 30-юми июни соли 1936 дар оилаи  хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз соли 1960 то соли 1964 дар мактаби ҳаштсолаи № 17-уми ноҳияи Ашт ба ҳайси сарвар, аз моҳи августи соли 1964 то соли 1965 ҳамчун методисти шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст. Минбаъд фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи кор бо ноболиғони комиҷроияи шаҳри Ленинобод (Суғди имрўза), ҷонишини директор оид ба корҳои беруназсинфии мактаби миёнаи № 12-и шаҳри Хуҷанд идома додааст.

Аз соли 1971 то соли 2002 дар вазифаҳои мухталифи ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст.  Маҷмуан Хосият Зокирова 58 соли умри хешро сарфи фаълият дар умури давлатӣ намудааст.  

 Хосият Зокирова барои дарки масъулияти баланд, заҳматҳои бисёрсола ва ҳисси меҳнатдўстӣ борҳо бо мукофотҳои соҳавию давлатӣ, аз ҷумла, бо унвони  «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сарфароз гардидааст.

Абдуғанӣ Холматови 85 сола, Аълочии соҳаи савдои собиқ ИҶШС тамоми умри пурсамари хешро нисори соҳаи савдо намудааст. Бо ибтикор ва талошҳои мавсуф як қатор марказҳои савдо ва мағозаҳо ташкил ва бунёд гардидааст. Абдуғанӣ Холматов барои хизматҳои бенуқсон ба мукофоти баланди соҳа дар замони Шӯравӣ соҳиб шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо аёдатшудагон аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пирони рўзгордида, бахусус занону модарон ёдоварӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки зиндагиномаи шахсиятҳои маъруф мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳи ооҳбарияти давлату Ҳукумат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои амну осоиштагии кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони азиз дуои хайр намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд