Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

3 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси вилоят ба кормандони воситаҳои ахбори омма доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2022 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2022 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Соли 2022 дар маҷмӯъ соли бобарор буда, бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, иҷрои ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар гардиданд.

Дар натиҷа, соли 2022 нишондиҳандаи рушди иқтисодиёт ба 31,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,1 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 27,6 фоиз баробар шудааст.

Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 24 миллиарду 186 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 676 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад. Давоми соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 820 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар соли 2022 ба миқдори 1 миллиону 295 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 890 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2 ҳазору 535 тонна калоба ва 7 млн 824 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта,  16 корхонаю коргоҳи нави дўзандагӣ, бо 323 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол, бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 289,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин ба маблағи 37,9 миллион сомонӣ зиёд аст.

Барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, дар ин давра 969 ҳазору 490 дона либоси мактабӣ дўхта, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 110,9 фоиз таъмин гардидааст.

Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар соли сипарӣ истеҳсоли пойафзол ба 372,5 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 55,6 ҳазор ҷуфт ё 17,6 фоиз зиёд аст.

Кишоварзони вилоят ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят, ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли қаблӣ баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 11 миллиарду 120 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 4 миллиарду 498 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 19,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,4 , 113,5 ва 100,7 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 562 ҳазору 924 тонна картошка, 608 ҳазору 540 тонна сабзавот, 124 ҳазору 477 тонна мевагӣ, аз ҷумла 55 ҳазору 847 тонна зардолу ва 38 ҳазору 429 тонна себ, 59 ҳазору 537 тонна ангур ва 148 ҳазору 551 тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 2021 истеҳсоли картошка 32 ҳазору 925 тонна,  сабзавот 35 ҳазору 698 тонна, ангур 4 ҳазору 802 тонна, полезиҳо 8,4 тонна, мевагиҳо 31 ҳазору 128 тонна, аз ҷумла зардолу 18 ҳазору 341 тонна ва себ 4 ҳазору 532 тонна афзудааст.

Дар соли 2022 тибқи дурнамо бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 889 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати дурнамо 3,9 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад.

Соли 2022 барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5 ҳазору 497 гектар замин 5 миллиону 94 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд. Дар амал, соли гузашта бо сарфи 5 миллиону 188 ҳазор сомонӣ ҳолати мелиоративии 5 ҳазору 928 гектар замин беҳтар карда шуд, ки 108 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Дар маҷмӯъ, бо ин мақсадҳо аз ҳисоби буҷети вилоят 13,6 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 90 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 2 милларду 128,5 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 114,6 ва 146,7 фоизи нишондиҳандаи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии зиёда аз 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта, дар соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 174 иншоот ба итмом расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 113,7 фоиз иҷро гардида, 2 ҳазору 298 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд. Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 200 миллиону 147,3 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 62 миллиону 17 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 57,8 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2022 ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 4 миллиарду 105 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2021 мутаносибан 103,9 ва 111,2 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2022 ба 3 миллиарду 186 миллион доллари амрикоӣ  расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2021 140,8 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 2 миллиарду 99,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 28,8 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 1 миллиарду 86,2 миллион доллар расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 1,7 баробар зиёд  мебошад.

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2022 ба андозаи 105,4  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4 миллиарду 342 миллион сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 221 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2022 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 миллиарду 576 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 106,4 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 104,3 фоизи нақша мебошад.

Дар соли 2022 иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 949 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 103,4 фоизи нақша мебошад.

Таъмини рушди бонизоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ,  фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, ҷавонону занон низ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбанд ва дар ин соҳаҳо низ дар соли 2022 дастовардҳо назаррас мебошанд.

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфта, дар охир изҳори боварӣ намуд, ки мардуми ҳимматбаланду заҳматқарини вилоят дар соли 2023-ум ҳам бо ҳисси баланди ватандориву номуси миллӣ кору пайкори созанда ва пурсамарро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 - солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кўшишу ғайрати хешро равона менамоянд.

Дар ин раванд воситаҳои ахбори омма минбаъд низ дар инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанг ва завқи ҷомеаи муосир саҳми амиқу шоиста мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд