Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд ва дар он вазъи воридоти гандум ба вилоят ва коркарди он дар корхонаҳои истеҳсоли орд ва хӯроки чорвою паранда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи мазкур нахуст сардори Раёсати гумруки вилоят Зафар Маҳмадиев ва сардори Нозироти андоз дар вилоят Абдуқаюм Воҳидзода гузориш доданд.

Зимни баррасии масъала Раиси вилоят бо таваҷҷуҳ ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорвою паранда, баҳри пешгирии истифодаи ғайримақсадноки имтиёзҳо, назорати қатъии воридоту коркарди ғалла ва истеҳсоли орду хӯроки чорвою паранда дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки бояд самаранокии имтиёзҳо мунтазам баррасӣ карда шуда, фаъолияти корхонаҳои соҳа дар самти зиёд намудани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани шароити корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъмини нархи дастрас таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шавад. Фаъолияти бомароми корхонаҳои ордбарорӣ ва хӯроки чорвою паранда таъмин карда шуда, дар ин замина сатҳи таъминоти аҳолӣ бо орду маҳсулоти ордӣ ва гӯшти чорвою паранда боз ҳам беҳтар карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд