Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд

19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти чанд корхонаи саноатӣ шинос гардида, барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Нахуст роҳбари вилоят аз ҶДММ «Раҳимов» боздид намуд ва тавре иттилоъ дода шуд самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур асосан  истеҳсоли либоси варзишии кимано буда, бо ин мақсад дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб ва мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.

Корхона аз сехҳои бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ иборат буда, 65 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолгардида, пурра аз аз пахта буда, ба содирот нигаронида шудааст.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ фаъолияти муназзами чунин корхонаҳои истеҳсолиро назаррас арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд гардида, корхонаҳои хурду бузург ва хатҳои нав фаъол гардонда мешаванд.

ҶДММ «Раҳимов» давоми соли 2022 дар умум зиёда аз 70 ҳазор маҷмуи либоси варзишӣ ба маблағи 14 миллион сомонӣ истехсол намудаву ба хориҷи кишвар, асосан Федератсияи Россия содирот кардааст.

Дигар аз корхонаҳои саноатӣ, ки дар он либосҳои варзишӣ истеҳсол мегардад, ҶДММ “Са-Рей” мебошад. Ҳини шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки ашёи хоми истифодашаванда, яъне ришта аз дохили кишвар буда, маҳсулоти истеҳсолгардида пурра содирот карда мешавад. Дар корхона 25 нафар кор мекунанд ва соли 2022 ба маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Сипас, Раиси вилоят раванди истеҳсолот дар корхонаи истеҳсоли қоғаз ва корхонаи “Садаф” –ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар корхонаи истеҳсоли қоғаз навъҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол гардида, ашёи хом аз Қазоқистон, Чин, Россия ва Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Раванди истеҳсолот марҳилаҳои муайянро гузаштаву маҳсулоти тайёр мутобиқ ба меъёрҳои замонавӣ истеҳсол мегардад.

Дар корхонаи “Садаф” бошад хатҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла, мебелбарорӣ, истеҳсоли рахти хоб, равған ва консерва ба роҳ монда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» ҳанўз соли 1979 таъсис ёфтааст. КВД «Садаф» дар оғоз аз сехҳои металлгудозӣ, механикӣ, инструменталӣ, механикӣ-электронӣ, ҷамъуваслкунӣ ва амсоли он иборат буд. Ҳоло дар ҳудуди ин корхона 11 адад корхонаҳои хурду бузург созмон ёфта, фаъолият мебаранд. Дар худи коргоҳи “Садаф” зиёда аз 60 намуди молу маҳсулоти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳоти хоҷагии халқ истеҳсол шуда, шумораи кормандон беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоиҳо ба  роҳбарони корхонаҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ворид намудани технологияои муосир, самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд