Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят машварати кориро оғоз намуда, қайд кард, ки дар ҷаласа масъалаҳои қабули ӯҳдадориҳои корхонаҳои саноатӣ барои соли 2023, таъмини иҷрои қисми даромади буҷет дар моҳи январи соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда, ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо, рафти омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2023, таъмини толибилмон бо либоси мактабӣ ва рафти зимистонгузаронӣ дар соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ мегардад.
Аз рӯи масъалаҳои зикршуда гузоришҳои муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Биволида Самадӣ шунида шуд.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар назди масъулин баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 «Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифагузорӣ намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд