10 январи соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҷаласаи корӣ баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2022 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.
Сипас, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022 муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода гузориш дода, доир ба вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, иқтисод ва савдо, маорифу тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон, шуғли аҳолӣ низ маълумот пешниҳод шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ баён гардид, дар назди масъулин ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва воридсозии технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш, истихроҷ ва коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиши ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан, тақвияти корҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, гузоштани заминаи мустаҳкам барои рўёнидани ҳосили баланд дар соли 2023, истифодаи тухмиҳои серҳосил, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ, идомаи бунёди биноҳои нави таълимӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, баррасии саривақтиву сифатноки муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии доимии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва собиқадорон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон нерўву талоши худро ҷиҳати бо дастовардҳои боз ҳам назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд