Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат кард.
Раиси вилоят тарбиятгирандагони мактаб-интернатро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона доир шуда истодааст. Давлату Ҳукумат пайваста қишри ниёзманди ҷомеаро таҳти ғамхорӣ қарор дода, ба таълиму тарбияи кӯдакони бепарастор диққати махсус зоҳир менамояд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба муҳассилини мактаб-интернат тӯҳфаҳои солинавӣ ҳадя карда, аз онҳо даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил кунанд ва дар оянда соҳиби касбу ҳунар гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд