Аёдати афсарону сарбозон дар шаҳри Бӯстон

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз қисмҳои низомӣ боздид карда, афсарону сарбозонро аёдат намуд.

Раиси вилоят афсарону сарбозони қисмҳои низомиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва дар иҷрои хизмати Ватан барору комёбиҳо таманно кард.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ баро адои хизмати ҳарбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони шуҷову далер бо сари баланд қарзи фарзандии худро адо менамоянд.

Таъкид гардид, ки бо хизмати содиқонаи фарзандони далеру шуҷоъ Ватани азизамон ободу зебо гардида, сокинони шарифу сарбаланди вилоят мисли тамоми мардуми кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва рушди кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳти роҳбарии дурандешонаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф гардида истодаанд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки сарбозону афсарон бо сари баланд хидмати Ватанро иҷро карда, минбаъд ҳам дар пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Барои қисмҳои низомӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят туҳфаҳои солинавӣ ва маводи озуқаворӣ дастрас гардида, дастурхони идона густурда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд