30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду қисми низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, ҳайати шахсии қисмҳои низомиро бахшиди ба Соли нави мелодӣ табрик кард.
Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо мунтазам таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Имрӯзҳо ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд будаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз рӯйдоду воқеоти муҳими соли 2022 ёдовар шуда, таъкид кард, ки соли ҷорӣ ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози сулҳу субот ва рушди кишвари азизамон ба ҳисоб меравад, дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Ин санаи таърихӣ барои мо аз он лиҳоз азизу муътабар аст, ки ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллатро овард, ки оромию осудагӣ ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар чун ҳадяи бузурги таърихӣ эҳдо намуда, кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшиданд.
Дар охири сол ҳамзамон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон кардани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул намуд. Ин ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим буда, бори дигар Ватани азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд.
Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки сарбозону афсарон минбаъд низ марзу бум ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намуда, барои халқу Ватан хизмат мекунанд.
Барои қисмҳои низомӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят туҳфаҳои солинавӣ ва маводи озуқаворӣ дастрас гардида, дастурхони идона густурда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд