Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2023

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Ифтихору сарбаландии мост, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Чунонки Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ таъкид намуданд, дар соли 2022 «ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

Ҳамчунин, дар ин соли накӯфарҷом рӯйдоду воқеоти муҳими таърихӣ, аз ҷумла ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози сулҳу субот ва рушди кишвари азизамон ба ҳисоб меравад, дар сатҳи баланд таҷлил гардид.  Ин санаи таърихӣ барои мо аз он лиҳоз азизу муътабар аст, ки ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллатро овард, ки оромию осудагӣ ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар чун ҳадяи бузурги таърихӣ эҳдо намуда, кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшиданд.

Боиси ифтихор аст, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон кардани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул намуд. Ин ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим буда, бори дигар Ватани азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, халқи шарифу соҳибхиради кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот,  ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд.

Итминони комил дорем, ки сокинони шарифу сарбаланди вилоят мисли тамоми мардуми кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва рушди кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳти роҳбарии дурандешонаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат дар соли 2023 Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу зебо гардонда, ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф хоҳанд гардид.

Бо чунин ниятҳои нек фаро расидани Соли нави мелодии 2023-юмро ба кулли сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, тансиҳатию хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва дастоварду муваффақиятҳои арзанда таманно менамоям.

Бигзор, Соли нави 2023 соли музаффарият ва амалӣ гардидани орзуҳои неки созандаву бунёдкоронаи ҳар як сокини Ватани маҳбубамон бошад.

Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!