Имрўз дар асоси ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд”-ро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Раиси вилоят бошандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд намуд, ки ашхоси яккаву танҳо, бесаробонмонда ва ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» наздик 60 нафар пиронсолону маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар марказ пиронсолон доимӣ иқомат намуда, ба онҳо барои истироҳат, варзиш ва машғулиятҳои меҳнатӣ-табобатӣ шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Роҳбарияти марказ зикр намуд, ки аз нигоҳи моддӣ эҳтиёҷманд нестанд, зеро ҳамарӯза аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ашхоси саховатманд, соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳо маводҳои гуногуни аёдатӣ дастрас карда мешаванд. Муассиса кӯшиш менамояд, ки барои пур кардани фазои маънавии эшон барномаҳои фарҳангиро бештар ташкил ва гузаронад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд