Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд дар соли 2022

29 декабри соли 2022 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд доир шуда, ба беҳтаринҳои соли 2022 ҷоизаҳо супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ аз муҳимтарин воқеаҳои марбут ба футбол дар соли 2022 ёдовар шуда, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023-ро дар соли 30 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбии беназири футболи тоҷик арзёбӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин раванд ҳамасола дар қаламрави вилоят фаъолияти футболбозон, мураббиён ва кормандони соҳаи футбол натиҷабардорӣ карда мешавад.

Қайд гардид, ки барои дастаҳои футболи вилоят имсол соли хотирмон буд. Зеро клуби футболи “Хуҷанд” дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи Олӣ дар соли 2022 мақоми сеюмро соҳиб гардида, ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор гардид, ки дар он 9 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа ҷойи сеюм насиби дастаи “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи “Исфара”-и шаҳри Исфара ва зинаи аввал насиби дастаи “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гардид. Дастаҳои “Парвоз” ва “Исфара” ба Лигаи якуми мамлакат роҳхат пайдо намуданд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки муррабиёну футболбозон минбаъд низ кӯшишу ғайрат ва маҳорату таҷрибаи андӯхтаатонро барои тарғибу ташвиқи футбол ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.

Сипас, маросими ҷоизасупорӣ оғоз ёфта, ба беҳтарин бозингари навраси сол ва мураббии наврасон, беҳтарин мактаби футболи варзишӣ, беҳтарин бозингарон  байни духтарон ва мураббии духтарон, беҳтарин Федератсияи футболи минтақавӣ, беҳтарин довари ҷавон, беҳтарин дарвозабон, муҳофитзагар туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар чемпионати имсолаи Лигаи дуюми минтақаи Суғд дастаи “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи сеюм,  дастаи футболи “Исфара”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи футболи “Парвоз”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” соҳиби ҷойи якум гардида, бо медалҳои биринҷӣ, нуқра ва тилло сарфароз гардонда шуданд.

Ҳамзамон ба дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар Лигаи Олии кишвар бомуваффақият иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуда буд, медали биринҷӣ ва диплом супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд