Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорон фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро табрик гуфта, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд. Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти собиқадорони меҳнат арҷ гузошта шуда, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дорад.

Аёдатшудагон, собиқадорони соҳаи саноат ва савдо Абдуманнон Тошхўҷаев,  Абдуллоҷон Ҳошимов, инчунин Маҳина Атақулова ва Инъомҷон Очилов, ки бо амри тақдир аз волидайн маҳрум шудаанду алъон бо бобою бибиашон зиндагӣ мекунанд, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд