Имрӯз дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатии вилоят, бизнес - ассотсиатсияҳо, соҳибкорон, намояндагони шарикони рушди Тоҷикистон ва васоити ахбори умум иштирок доштанд
Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузориро ифтитоҳ намуд ва сипас ҳисоботи котиби Шўро — сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов оид ба фаъолияти Шўро ва натиҷаҳои ҷаласаи панҷуми Шўро шунида шуд. Чуноне маълумот дода шуд, зиёда аз 140 лоиҳаҳои инвестисионии вилоят ба мабалғи умумии зиёда аз 4,9 млрд. дол. ИМА ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ворид карда шуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2021, №358 тасдиқ гардидааст. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 268,2 млн. доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,6%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ аз аввали бақайдгирӣ 112341 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд 17805 нафарро ташкил дода, шумораи субъектоне, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолят мебаранд дар давраи ҳисоботи 77856 адад ва бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус 16680 нафарро ташкил дод.
Дар ҷаласа ҳамзамон маърӯзаи сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ шунида шуд. Мавсуф иброз дошт, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолӣ аз рушди ин соҳаи муҳим вобастагии калон дорад.
Солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ як қатор ислоҳотҳо амалӣ карда шудаанд, ки мақсади асосии он таҷдиди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи замин, ҳуқуқи истифодабарии якумраи замин, инчунин ба мерос мондани онро амалӣ гардонид.
Дар давоми солҳои охир бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Шарикони рушди Тоҷикистон маблағҳои зиёд ҷудо гардида, бо истифодаи онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои кишоварзӣ як қатор тадбирҳо амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда маҷмўи маҳсулоти кишоварзии вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2022 ҳаҷми умумии он 15,0 миллиард сомониро ташкил намуда, имрўзҳо дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ба як қатор дастовардҳо ноил шуда истодааст.
Дар идома рӯнамоии лоиҳаҳои “Дафтари электронии фермер”, “Аввалин интернет мағозаи аграрӣ барои деҳқонон” сурат гирифта, аъзои Шӯро барои беҳтар намудани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ дар вилоят мубодилаи афкор намуданд.
Дар охир аз ҷониби аъзои Шӯро Нақшаи кории Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ барои соли 2023 ва рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ тасдиқ карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд