Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ беш аз 800 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд

Субҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ беш аз 800 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро барои вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ,  корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳр муваззаф намуд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон  ба хиёбону маҳаллаҳои шаҳр ва  риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ҷаҳд намуда, барои ҳамеша ободу сарсабз намудани он, маконҳои истироҳатию фароғатии он ва дар маҷмуъ барои шаҳрвандон муҳайё намудани шароити арзанда аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ сокинони касбу кори гуногун фаъолон ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд