Шиносоӣ бо раванди бунёдкориҳо дар Қалъаи Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" омада, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат варзида, ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон низ идома дорад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд