Боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Дар маркази вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гӯшт, моҳӣ, анору ангуру анҷир, хурмо, себ, нону маҳсулоти нонӣ ва ғайра бо нархҳои нисбат ба бозор то 30 дарсад арзон пешниҳод гардид, ки сокинон бо изҳори қаноатмандӣ маводи зарурии худро харидорӣ карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои маводи ғизоӣ боздид карда, ташкили чунин ярмаркаҳоро дар самти таъмини дастрасии мардум бо маҳсулоти нисбатан арзон муфиду саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва дастрасии сокинон бо маҳсулоти зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ карда, минбаъд низ чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят гузаронида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд