Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

4 феврали соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.

Зимни нишасти хабарӣ Раиси вилоят ба рӯзноманигорон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои гуногун дар соли 2021 маълумот дод. Гуфта шуд, ки соли 2021 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯйдодҳои муҳиму санаҳои таърихӣ сабт гардид ва сокинони вилояти Суғд, чун тамоми мардуми бунёдкори ҷумҳурии азизамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаву шоиста таҷлил намуданд.

Дар ин соли таърихӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба ин васила таъмини некуаҳволии мардум тадбирҳои судманду муассир амалӣ намуда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2021 ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 277,1 миллион сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 192,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар соли 2021 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 миллиарду 435,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 157,1 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 106,9 фоизи нақша мебошад.

Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 миллиарду 940,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 428,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,3 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55,0 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 ба миқдори 1,4 миллион тонна семент ва 1,7 миллион тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 117,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 109,6 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4635 тонна калоба ва 7 миллиону 712,5 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба миқдори 5206,0 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 2325,5 тонна ё 80,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли орд 495,8 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 4132,8 тоннаро ташкил намудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2021 дар миқёси вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 12 милиарду 299,6 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8 миллиарду 919,3 миллион сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 3 миллиарду 380,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 106,0 ва 110,0 фоиз таъмин гардидааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 миллион доллари амрикоӣ сармоя, аз ҷумла 238,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 1,84 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 131,5 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 87,3 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд.

Раиси вилоят инчунин доир ба вазъ ва дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ғайраҳо маълумот дода, ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд