Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Оқил Оқиловро бахшида ба зодрӯзаш табрик гуфт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат карда, ӯро бо зодрӯзаш табрик намуд.

Оқил Ғайбуллоевич Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.

Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз хизматҳои Оқил Оқилов дар рушди хоҷагии халқи мамлакат ба ӯ тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд