Кишоварзони ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

12 ноябри соли 2022 заркорони ноҳияи Спитамен аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд.

Аз номи кишоварзони ноҳия раиси ин​ ноҳия Темурҷон Нуъмонзода муждаи зафарро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супорид.

Ба иттилои раиси ноҳия кишоварзони ноҳияи Спитамен соли равон дар 6031 гектар пахта кишт карда, аз пахтазор ҳосили фаровон рӯёниданд. 12 ноябр заркорони ноҳия нақшаи пешбинишударо 100,1 фоиз иҷро карда, дар маҷмуъ​ 13971 тонна «тиллои сафед» истеҳсол намуданд.​ ​ ​

Пахтакорони соҳибтаҷрибаи​ ноҳияи Спитамен дар вилоят аз пешқадамҳо маҳсуб ёфта, ҳамасола нақшаи муқарраршударо иҷро мекунанд. Соли ҷорӣ низ заркорони ноҳия пас аз кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дуюмин шуда нақшаи истеҳсолро иҷро карданд, ки туҳфаи аҳли меҳнат ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд