Ташрифи меҳмонон аз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе

11 ноябри соли 2022 гуруҳи калони меҳмонон аз гӯшаву канори мамлакат ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, аҳли зиё, адибону олимон, шоирону сиёсатмадорон шомил буда, меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулин истиқбол гирифтанд.

Меҳмонон нахуст дар пояи маҷмааи "Дуои Модар" чун рамзи эҳтиром ба модар гулу гулдастаҳо гузошта, аз гулгаштҳои зебои фурудгоҳ, ки тайи чанд соли охир ба макони зебову назаррабо табдил ёфтааст, боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб доир хоҳад шуд. Қасри таърихии Арбоб макони баргузории иҷлосия буда, 30 сол пеш вакилони халқ маҳз дар толори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд