Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони Гвардияи миллиро аёдат кард.
Раиси вилоят аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуд.
Дар суҳбат бо афсарону сарбозон роҳбари вилоят изҳор дошт, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қадршиносиву арҷгузорӣ таҷлил намуда, аз он ифтихор мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр доранд.
Натиҷаи ғамхорӣ нисбат ба халқу миллат, дилсўзӣ барои ободонии Ватан ва заҳмату талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кишвари азизамон тайи солҳои охир соҳиби дастовардҳои бузург гардида, дар арсаи байналхалқӣ мавқеи устувори худро пайдо намуд ва сатҳи зиндагии мардум рўз аз рўз беҳтару хубтар, симои кишвари азизамон боз ҳам зебову дилработар мегардад.
Ҳамзамон шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ низ сол аз сол беҳтар шуда, Артиши миллӣ ба нерӯи пуриқтидор табдил ёфтааст, ки метавонад марзу буми Ватанро ҳимоя намояд.
Дар ин рӯз барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




