Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсарони қисми низомии 3501-ро бо Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро табрик гуфта, таъкид намуд, ки Конститутсияи давлати куҳанбунёди тоҷикон дар айёми ниҳоят вазнин аз ҷониби мардуми сарбаланду шарифи кишвар ҳамчун санади муқаддас, барномаи асосии фаъолияти давлат ва ҷомеа ҷонибдорӣ ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба марҳалаи нави таърихӣ ва устуворсозии пояҳои давлати мустақил заминаи боэътимод гузошт.

Раиси вилоят ҳамзамон аз талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ ва ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯст марзҳои Ватани азизамонро сарбаландона муҳофизат намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода сипас бо шароити буду боши афсарону сарбозон шинос шуда, дар чорабинии идона иштирок кард. Ба сарбозону афсарони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд