Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон ташкил карда шуд.

Чунин ярмаркаҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ гузаронида шуда, аз ҷониби кишоварзони вилоят ва корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, картошка, макарон, меваҷот, полезиҳо, гӯшти мурғ, гӯшти гов, тухм, шакар, шириниҳо, нон ва маҳсулоти нонӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд