Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ суҳбат анҷом дод

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара як гуруҳ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ бо оқибатҳои ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон шинос гардиданд.

Аснои сафари корӣ ба ин минтақа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рӯзноманигорони расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ суҳбат анҷом дод. Зимни суҳбат роҳбари вилоят вобаста ба вазъи зиндагии мардум, оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона, зиёни расида, дастгирии сокинони зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.

Хабарнигорони РИА "Новости", "ВВС", АМИТ "Ховар", "Спутник", "Радиои Озодӣ", "Авесто" ва рӯзноманигорони мустақилу блогерон аз маҳалли ҳодиса гузоришҳо омода намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд