Ба сокинони зарардида кумакҳои моддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас гардид

Дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зарардидагони даргириҳои марзӣ кӯмакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.

Аз ҷумла, ба ҳар як оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ 10 тоннагӣ семент, 120 донагӣ шифер, 2 тоннагӣ арматура, 20-30 ҳазор донагӣ хишт, 8 кубӣ тахта, дару тирезаҳо ҷудо гардид. Манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кутоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳад шуд.

Барои зимистонгузаронии ҳар як оилаи зарардида ба миқдори 100 кг орд , 50 кг биринҷ, 50 равған, инчунин пиёз, сабзӣ,  картошка, макарон шакар дастрас гардидааст.

Тибқи супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ рӯзҳои наздик кӯмакҳои моддии навбатӣ ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд