Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурх

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз манзилҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидааст, боздид намуд.

Раиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан карда, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тибқи супориши Сарвари давлат имрўз аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд