Вокуниш ба гузориши иғвоангези Радиои Озодӣ, ки зери унвони "Президент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?" нашр гардид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузориши Радиои Озодиро, ки зери унвони "Президент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?" нашр гардид, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба масъалаи мазкур изҳор медорад:

Бо оғози муноқишаҳои ахири марзӣ, ки бо ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон шурӯъ шуд, масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, барои таъмини субот дар минтақа аз тамоми имкониятҳо истифода гардид.

Халқ хуб медонад, ки роҳбарияти олии мамлакат ҳамеша дар паҳлуи мардум буда, ҳимояи амнияти сокинон ва дастгирии аҳолиро дар рӯзҳои сахт вазифаи ҷонии худ меҳисобад.

Дар мавриди таъзия бошад зикр бояд кард, ки бо супориши махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ба манзили шаҳидон рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Президенти мамлакатро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расониданд.

Нашри чунин гузоришҳои иғвоангез дар лаҳзаҳои ҳассос ба манфиати кор набуда, аз воситаҳои ахбори омма даъват менамоем, ки дар ин рӯзҳои сахт дар канори ҷомеа бошанд.