Кӯмакҳои моддии Пешвои миллат ба шаҳри Исфара расид

Тавре иттилоъ додем, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфара расид.

Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна  мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.

Маводи ғизоӣ дар анборҳои шаҳри Исфара ҷойгир шуда истодааст ва ба сокинон тақсим карда мешавад.

Маводи сохтмонӣ бошад ба минтақаҳои осебдида ирсол гардид.

Барои сари вақт ба мардум расондани кумакҳои моддӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корбарӣ намуда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд