Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои миллат ба оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ҳалок шуда будаанд, омада ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият карда, ба онҳо сабри ҷамил хост.

Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом дод. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд