Комиссияи муштарак ба кори худ идома медиҳад

Субҳи рӯзи 17-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" комиссияи муштарак оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба кори худ идома дод.

Гуруҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд ва дар ҳайати роҳбарони мақомоти қудратӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва дар ҳайати роҳбарони мақомоти қудратӣ барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид карданд.

Дар рафти мулоқот фаъолияти муназзами комиссияи муштарак барои назорати риояи оташбас дар минтақаи марзӣ муҳим арзёбӣ гардида, вазъ таҳти назорати ҷонибҳо қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки вазъият дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад.

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Уларбек Шаршеев низ дар марз қарор доранд. Фармондеҳон дар суҳбат масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд.