Ташкили комиссияи муштарак барои назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзӣ

Дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки нимаи дуюми имрӯз таҳти роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев доир шуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзӣ комиссияи муштарак ташкил карда шавад.

Дар натиҷа зери роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев комиссияи муштарак ташкил гардид.

Вазифаи асосии комиссияи муштарак назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия кори худро оғоз намуд.