Таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суғд

Азназаргузаронӣ: 646

Бегоҳии рӯзи 9 сентябр дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, фаъолону кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинон иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги миллат 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони вилояти Суғд табрик намуда, паёми табрикии Пешвои муаззами миллатро расонид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ мардуми сарбаланди вилояти Суғди бостониро, ки чун дигар сокинони саодатманду шарафманди кишвар ҷашни бузурги миллӣ – 31 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу суботи комил бо рӯҳияи болидаву идона таҷлил менамоянд, табрик гуфта, ба сиҳатмандии комил, саодатмандиву пирӯзӣ ва дар роҳи амалӣ намудани ормонҳои милливу ватандӯстиву вантандорӣ комёбиву комгориҳо таманно кард.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ин неъмати бузург ва ҷашни асосии давлату давлатдорист, ки баъди ҳазорҳо сол дар интиҳои асри ХХ барои мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик муяссар гардида, барои кишвари мо заминаи рушду пешрафт ва муаррифӣ дар арсаи ҷаҳонро боз намуд.

Хеле рамзист, ки ҷашни имсолаи Истиқлоли давлатӣ дар соли ҷашни хотирмону таърихии 30 - солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри таърихии Арбоб доир гардид, барои истиқлолияти воқеӣ ва пойдории давлат, сарҷамъ намудани мардуми парокандаву парешон, ба эътидол овардани кишвари ҷангзадаву ба хун оғӯштаву қариб ба нестӣ рафта бо интихоби роҳбари ҷавону умедбахш, ғаюру қавирода, хирадманду дурандеш, меҳанпарасту ҷоннисори Ватану миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеду боварӣ, нуру рӯшноӣ бахшида, кишвари соҳибистиқлоли моро ба ин рӯзҳои неку босаодат расонид, рост омад. Месазад, ҳамеша ифтихор намоем ва бахти баланди мардуми шарафманди кишвар буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолату вазифаи пурмасъули роҳбарияти олии мамлакатро маҳз дар давраи ниҳоят ҳассоси кишвар, ки Ватанро ҷанги таҳмиливу бародаркуш фаро гирифта буд, ба дӯши худ гирифтанд ва дар тӯли начандон дур мамлакати харобгаштаро ба як кишвари ободу зебо ва хурраму сарсабз табдил доданд.

Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои азиму мондагор ба анҷом расонида шуда, мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва ҳамзамон ба истиқлоли энергетикӣ расид. Дар натиҷаи талошҳои Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи олам мешиносанд ва мамлакати мо ба 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад.

Ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров зимни суханронии худ мардуми тоҷикро бо солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, илова намуд, ки бо сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо муносибатҳои дӯстона миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беҳтар гардид.

Сипас, аҳли ҳунари вилояти Суғд ва меҳмонон- санъаткорони вилояти Фарғона бо сурудҳои худ ба чорабинии идона шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-2.jpg

9-3.jpg 9-4.jpg 9-5-2.jpg

9-5.jpg 9-6.jpg 9-7.jpg

9-8.jpg 9-9-2.jpg 9-9-3.jpg

9-9-4.jpg 9-9-5.jpg 9-9-6.jpg

9-9-7.jpg 9-9-8.jpg 9-9-9-2.jpg

9-9-9-3.jpg 9-9-9-4.jpg 9-9-9-5.jpg

9-9-9-6.jpg 9-9-9-7.jpg 9-9-9-8.jpg

9-9-9-9.jpg 99-2.jpg 99-3.jpg

99-4.jpg 99-5.jpg 99-6.jpg