Хати нави оби нўшокии КВД "Садаф" дар маҳаллаи Чашмаи Арзана»  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Азназаргузаронӣ: 729

Дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби КВД «Садаф» дар ҳамбастагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иқдоми неку ибратбахш ҷиҳати таъмини доимии оби нўшокӣ амалӣ карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иншооти хати нави оби нўшокии КВД «Садаф»-ро дар маҳаллаи Чашмаи Арзана»  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи хати оби нўшокӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 20 соли охир зимни татбиқи ташаббусҳо ҷаҳонӣ, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013 саъю талошҳои муштараки ҳамаҷониба тақвият бахшида шуданд. Ташаббусҳои ҷаҳонии зикршуда ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд. Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.

Таъкид шуд, ки таъмин намудани кулли сокинони деҳоти дурафтода бо оби ошомиданӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала гомҳои устувор мегузорад. Масъалаи об, бинобар аҳаммияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад. Бояд имрўз тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бояд шабонарўз бо оби тозаи нўшокӣ таъмин бошанд ва барои ин имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо амалисозии лоиҳаи КВД «Садаф» дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ  ва алҳол азхудкунии беш аз 1, 2 миллион сомонӣ лоиҳаи муҳим- ин сифатан ба кор андохтани шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана» имкон пайдо гардид, ки 220 метр қубурҳо нав карда шуданд. Ҳамзамон самаранокии фаъолияти пойгоҳи обкашӣ таъмин карда шуданд. Минбаъд  зиёда аз 1060 хочагии ин маҳалла ва беш аз 60 адад корхонаҳои саноатӣ бо 24 соат оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Зикр шуд, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии маҳаллаи «Чашмаи Арзана» ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи КВД «Садаф» иборат мебошад.

Сипас дар вазъияти  тантанавӣ иншооти хатти нави оби нўшокии КВД «Садаф»-ро дар маҳаллаи Чашмаи Арзана»  мавриди баҳрабардор қарор дода шуд, ки оби тозаи нўшокиро аз пойгоҳҳои №1 ва 2 ба  пойгоҳи №3 таъмин намуд.

Сокинони маҳалла арзи миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg