Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

Дар арафаи Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, ходими ҷамъиятию сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ҷаҳонгир Ўрунов омада, собиқадорони меҳнатро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик карданд.

Зимни суҳбат бо собиқадорон таъкид шуд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих, мояи ифтихори ҳамагон, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир, муҳим будани исиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дарк намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми ватандӯстона гузорем.

Собиқадорон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, миннатдории самимии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд