Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд.
Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.
Дар аснои аёдат таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо неъмати бебаҳо буда, ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд.
Собиқадорони меҳнат низ истиқлолу озодиро неъмати бузург арзёбӣ карда, аз саҳми Сарвари давлат дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




