
Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатиро супориданд.
Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ёдовар шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳозиринро табрик намуда, қайд намуд, ки ба истиқболи 31 - юмин солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, ки барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дўстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорида мешавад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гуруҳи калони кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали "Хизмати шоиста" ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




