31 август дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров доир шуд.
Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба барандагони ҷоизаҳои вилоятӣ дар соли 2022 диплому мукофотҳо тақдим гардид.
Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахши адабиёт ба Ӯринбой Усмонов барои китоби "Қишдан олдинги фасл" ва силсилаи осори тарҷумашуда, доктори илмҳои филология, профессор Фахриддин Насриддин барои таҳияи китоби "Девони Камоли Хуҷандӣ" дар бахши санъат ба Ҳусейн Юсупов барои китоби "Гулбонги роз", Саидумрон Саидов, номзади илмҳои суханшиносӣ, Қосимзода Ҷамол барои барномаи телевизионии "Шакаристон" ба муносибати 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, дар бахши меъморӣ ба Мунираҷон Турсунова барои силсилаи муҷассамаҳо супорида шуд.
Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ба Салимбой Ҳасанов барои хидматҳояш дар муаррифии осори мусаввирони вилояти Суғд, Карим Шариф барои хидматҳояш дар рушди матбуоти тоҷик, Холмурод Назаров, доктори илмҳои техникӣ, профессор барои офариниши силсилаи осор дар бобати вазъи радиоэкологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полоиши маҳфузгоҳҳои радиоактивӣ тақдим гардид.
Раиси вилоят гирандагони ҷоизаҳои вилоятиро табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки олимону донишмандон минбаъд низ тамоми донишу малакаашонро барои ободии диёрамон пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва амалишавии ҳадафҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд