Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ”

1 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар "Рӯзи дониш" ва "Дарси сулҳ" иштирок намуд.

Зимни суҳбат бо устодону хонандагони муассисаи таълимӣ қайд карда шуд, ки чун анъана имрӯз дар саросари кишварамон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ботантана ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.

-Фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро, дар ин рӯзҳои нек, ки мардуми кишварамон ҷашни бузурги 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, ба кулли омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон табрику таҳният менамоям,-иброз дошт роҳбари вилоят зимни суханронии худ ва афзуд, ки Пешвои муаззами миллат дар баргузории Рӯзи дониш нақши муассир гузошта, 1-уми сентябрро яке аз санаҳои муҳими таърихӣ эълон намуданд, ки бо Дарси сулҳ шурӯъ мешавад. Зеро дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон мафҳумҳои Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдат чун муқаддасоти миллӣ сабт гардидаанд.

Таъкид гардид, ки даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тозаро дар таърихи муассисаҳои илмиву таълимии кишвар, аз ҷумла Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон боз намуд.

Таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи илму маориф ва  мақоми зиёиён дар ҷомеа ба фаъолияти пурсамари ин боргоҳи маърифат нақши амиқ ва файзбахш гузоштааст. 

Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи  роҳбарияти давлату Ҳукумат пешбурди кулли соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мавқеи шоиста дорад. Бахусус, таъсису тавсеаи фаъолияти муассисаҳои нави миёнаву олии таълимӣ, ба вуҷуд овардани низоми чандзинагии таълиму омӯзиш аз иқдомҳои наҷибест, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд. 

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат имрӯз дар қаламрави вилоят 944 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият бурда, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва рушди илм нақши муассир мегузоранд.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар вилоят 566 иншооти соҳаи маориф барои беш аз 88 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 319 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар ифтитоҳи аксари онҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд. 

Соли 2021 ва дар ҳафт моҳи соли 2022 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 72 иншооти соҳаи маориф  барои 17 ҳазору 674 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар  ин раванд Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 2009 расман ифтитоҳ гардида, он ба тамоми талаботи замони муосир пурра ҷавобгӯ мебошад.

 Давоми солҳои фаъолият хонандагони мактаб дар озмунҳои фаннии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Чунончӣ, давоми солҳои хониши 2009 - 2022 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 170 нафар соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, 374 нафар хонандагони мактаби Президентӣ давоми солҳои 2009 – 2022 дар сессияҳои Академияи хурди илмҳо корҳои илмии худро ҳимоя карда, аз ҷумла 83 нафар аъзои ҳақиқӣ, 102 нафар узви вобаста ва 189 нафар сазовори диплом гардидаанд. Соли равон 3 нафар дастпарварони мактаб дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Хурсандиовар аст, ки дар соли хониши 2021 - 2022 760 нафар хонандагони мактаб дар олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 526 медал гардиданд. Чанде аз ин хонандагон дар олимпиадаҳои фанние, ки дар мамолики Британияи Кабир, Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

То имрӯз мактаби Президентиро 780 нафар хонандагон бо муваффақият хатм намуда, сазовори номи пурифтихори донишҷӯ гардидаанд. 60% - и онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 45 фоизи дигар бошанд, ба донишгоҳҳои олии кишварамон дохил шудаанд. Дастпарварони муассиса аллакай ҳамчун мутахассисони варзида ба нафъи халқу Ватан дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва ҷумҳурӣ содиқона хизмат менамоянд.

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2013 - ум 46 нафар омӯзгорони мактаби Президентӣ бо манзили истиқоматӣ дар хобгоҳ таъмин гардиданд, ки дорои тамоми шароитҳо мебошад.

Барои боз ҳам хубтар гардидани шароити муассиса аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду адад автобуси мусофиркаш ба муассиса тақдим гардид, ки барои рафтуомади хонандагон хизмат мерасонанд.  

-Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки сиёсати маънавибунёд ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳ ва ғамхории амиқи Роҳбари давлат минбаъд низ ба пешрафти мактабу маориф, илму ирфон, аз ҷумла ба фаъолияти таълимиву тарбиявии кормандон ва омӯзгорони Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ таъсири амиқ, самаранок ва файзбахше хоҳад гузошт,- илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки кору пайкор ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар Соли нави таҳсил низ барои ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса барнома ва қутбнамои фаъолият баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, тарбия ва ба ин васила, саҳм гузоштан барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд