Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии ҷангал дар вилояти Суғд 570 448 гектар буда, барои ҳифзи ҷангал, захираҳои табиӣ, набототу ҳайвонот ва истифодаи заминҳои фонди ҷангал чораҷӯӣ карда мешавад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, дар заминҳои корами обии фонди ҷангал ғалладонагиҳо ва картошка кишт шудааст.
Соли равон корҳои барқароркунии ҷангал дар масоҳати 246,1 гектар амалӣ гардида, масоҳати боғоти мевадиҳанда, аз ҷумла анор зиёд карда мешавад.
Бо ташаббуси роҳбарияти Хоҷагии ҷангали вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар коргоҳи коркарди маҳсулоти ҷангал фаъол карда шуд, ки дар коргоҳ дар мавсим 87500 дона хуч дар зарфҳои 0,5 литра истеҳсол мегардад ва 8 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда бидуни консентрат буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Масъулин ният доранд, ки барои банду басти маҳсулоти ҷангал минбаъд низ тадбирҳои заруриро амалӣ карда, растаниву гиёҳҳои шифобахш ва асалро вориди бозор намоянд.
Раиси вилоят ба фаъолияти кормандони Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд баҳои баланд дода, барои басту банди маҳсулот, самаранок истифода бурдани замин ва ҷангал тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Раиси вилояти Суғд