Маросими супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

31 августи соли 2022 маросими супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст фарорасии санаи таърихии 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин табрик гуфт.

Қайд гардид, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар партави иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки дар арафаи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногунро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонад.

-Дар арафаи Рӯзи Истиқлоли кишварамон баргузор шудани чорабинии тантанавии супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хеле рамзист, зеро ин қадршиносӣ барои онҳоест, ки дар пешравии соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоят, таҳкими ваҳдату суботи ҷомеа сарбаландона ва садоқатмандона хизмат намудаанд,- иброз дошт роҳбари вилоят.

Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки корҳои созандагӣ ва бунёдкорие, ки дар тамоми гӯшаву канори вилоятамон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳи 30 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гуруҳи калони кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, хизмати давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, саноат, кишоварзӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Дар охир Раиси вилоят гирандагони Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бо ин дастоварди пурарзиш ва бо фарорасии ҷашни бузурги 31-умин солгарди Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои баланди меҳнатӣ таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд