Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

29 август дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати Ситоди вилоятӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар машварати корӣ вазъи омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба вазъи омодагиҳо ва захираи ангишту ҳезум аз ҷониби масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг барои давраи тирамоҳу зимистон муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузориш дод. Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2022, №133 қарори Раиси вилоят аз 25 апрели соли 2022, №143 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ба тасвиб расида, тибқи он Ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 иборат аз 27 банд тасдиқ карда шудааст. 

Вобаста ба ин, дар ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор ба имзо расида, ситодҳо таъсис дода шудаанд.

Соли ҷорӣ барои фурӯши ангиштсанг 213 нуқтаи статсионарӣ ва 350 адад нуқтаи  сайёр ва барои фурӯши гази моеъ 398 адад нуқтаи статсионарӣ ва 6 адад нуқтаи сайёр фаъолият дошта, талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳоро таъмин менамоянд. 

Дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ дар конҳои ангишти вилоят барои таъмини талаботи кишвар 939,7 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 105,0 фоиз ё ин ки 45,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Айни замон захираи ангишт ва ҳезум дар ташкилоту идораҳо, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг идома дорад.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи кунунии захираи маводи сӯхт аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулин пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои пурраву босифати нақшаи пешбинишуда, захираи маводи ғизоӣ дар сардхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд